9 Апрел 2025 - 21:38
Source: IQNA
Намоиши Қуръони хушнависи Усмонӣ дар осорхонаи Доҳа

Намоишгоҳе «Дар фазои Макка: сайре дар маносики Ҳаҷ ва Умра» ба талоши Осорхонаи ҳунари исломии Доҳа дар ҳамин осорхона баргузор шудааст ва дар он нусха мутобиқи Қуръони Аҳмад Қараҳисорӣ, хушнависи Усмонӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гузориши ИКНА ба нақл аз “Арабӣ 21”, ин намоишгоҳ то 30 декабри соли 2025 идома хоҳад дошт. Дар он дарвозаи Каъба, ки аз тилло сохта шудааст ва бо нақшу нигори исломӣ ва оятҳои Қуръон зеб дода шудааст, инчунин пардаи Каъба — рӯпӯши абрешимии сиёҳранге ки бо калимаи шаҳодатайн (шаҳодат ба ваҳдати Худо ва рисолати Паёмбар) оро дода шудааст, ва «میزاب الرحمه» — канале дар пушти боми Каъба дар самти шимол, ки оби борон ё оби шустушӯи бомро хориҷ мекунад — ба маърази тамошои умум гузошта шудаанд.

Ҳамчунин, нусхаи мутаобиқи Қуръони «Аҳмад Қараҳисорӣ», хушнависи усмонӣ дар 300 саҳифа бо тazҳиб ва ороишоти исломӣ, ки ҳоло дар Осорхонаи қасри «Топқопӣ» дар Истамбул нигаҳдорӣ мешавад, аз дигар осори ба намоиш гузошташуда дар ин намоишгоҳ аст.

Ҳар саҳифаи ин Қуръон аз панҷ бахш иборат аст ва ин нусхаи каломи ваҳй омезае аз хатҳои сулс ва насх мебошад, ки аз шомилтарин хатҳои арабӣ ба шумор меравад.

Қисме аз ин намоишгоҳи Доҳа ҳамчунин ба маносики Ҳаҷ ва Умра ихтисос ёфтааст ва аз осори ҳунарӣ ва коллексияи шахсии «Рошид ал-Маррихӣ», коллексионери қатарӣ, ки дар баргузории намоишгоҳ саҳм гирифтааст, иборат аст.

То кунун намоишгоҳҳои зиёде бо мавзӯи Ҳаҷ дар Осорхонаи ҳунари исломии Доҳа баргузор шудаанд, ки дар онҳо маносики Ҳаҷ ва Умра ба намоиш гузошта шуда ва таҷрибаи маънавии зоирони Хонаи Худо барои алоқамандон баён гардидааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha